Дар доираи сафари кории  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия 13 октябр ӯро президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдуғон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо табодули назар намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг, маориф ва тандурустӣ баррасӣ карданд.

Маҳмадтоир Зокирзода дар Анқара инчунин бо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дидору гуфтушунид карда, саҳми ӯро дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо арзанда арзёбӣ намуд.

Ӯ изҳор дошт, ки имрӯз барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар бисёр самтҳо тамоми шароит муҳайё аст.

“Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат (то андозае стратегӣ) бо кишвари дӯст ва бародари Туркия мебошем. Ин ҳадаф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо таъкид гардидааст”, - гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.