Барканории Ёдгор Файзов аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба ҷойи ӯ таъин шудани Алишер Мирзонабот расман тасдиқ шуд. Дар ин бора Ғолиб Ниётбеков, сухангӯйи ҳукумати ВМКБ дар як тамоси телефонӣ ба “Asia-Plus” хабар дод. 

Ба гуфтаи манбаъ маросими муаррифии раиси нави ВМКБ зуҳри имрӯз баргузор шуд. Раиси нави ВМКБ-ро Асадулло Раҳмон, ёвари раисҷумҳур дар умари кадрҳо муаррифӣ кардааст.

Маросими муаррифии раиси нави ВМКБ

Ҳамчунин ба гуфтаи Ниятбеков Нилуфар Асламшоева, ки то ин вақт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ буд, ба ҷойи Назира Амирбекзода муовини раиси ВМКБ таъин шудааст. Ба гуфтаи Ниятбекво Назира Амирбекзода низ баъди барканорӣ ба ҳеч мақоме таъин нашудааст.

Ҳамчунин ба гуфти сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ризо Назарзода низ бар пайи ин тағйирот раиси шаҳри Хоруғи ин вилоят таъин шудааст.

Хабари барканории Ёдгор Файзов ва ба ҷойи ӯ таъин шудани Алишер Мирзонаботро субҳи имрӯз ду мақоми баландпояи ҳукумати ВМКБ ба "Азия-Плюс" гуфта буданд. 

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков то кунун мушаххас нест, ки Ёдгор Файзов ба мақоми дигари давлати пешбарӣ ё таъин мешавад ё не.

Ёдгор Файзов, ки дар миёни ҷомеаи Бадахшон ба унвони раиси Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз нуфузи зиёде бархӯрдор буд, 1-уми октябри соли 2018, пас аз норизоятии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори раҳбарии пешини ВМКБ, раиси ин вилоят таъин шуда буд.

Баъд аз раиси ВМКБ шудан, Файзов бо амалкардҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмул ва суханрониҳои бепардаву барои мардум ва расонаҳо дастрас буданаш, хеле маъруф шуд. Ӯ дар мусоҳибаҳои зиёде бо расонаҳо  ва ҳузури шахсияш дар даргириҳо ва гирдиҳамоиҳо ба яке аз мансабдорони мардумгаро ва қобили эътимод табдил ёфт.
Нилуфар Асламшоева, муовини нави раиси ВМКБ. 5.11.2021

Алишер Мирзонабот, ки ҳоло гуфта мешавад раиси ВМКБ таъин шудааст, то моҳи октябри 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд, ки муовини аввали Ёдгор Файзов таъин шуд ва соли гузашта пас аз интихоботи президенти Тоҷикистон аз муовинати раиси ВМКБ барканор ва раиси шаҳри Хоруғи ин вилоят таъин шуда буд.

Алишер Мирзонабот Худойбердӣ зодаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.