Бино ба маълумоти дарёфтии “Asia-Plus” Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт дар симати раиси шаҳри Хоруғ буд, таъин шудааст. Аммо манбаъ далелҳои барканории Ёдгор Файзовро нагуфт.

Як манбаи муътамад ва наздик ба ҳукумати ВМКБ ба “Asia-Plus” гуфт, ки ин тағйирот субҳи 5-уми ноябри ҳосил шуда ва қарор аст имрӯз баъд аз зуҳр раиси нави вилоят муаррифӣ шавад.

Аммо маълум нест, ки Ёдгор Файзов ба мансаби дигари давлатие таъину пешбарӣ шудааст ё не.

Дар ҳамин ҳол Ғолиб Ниётбеков, сухангӯйи ҳукумати ВМКБ дар як тамоси телефонӣ ба “Asia-Plus” гуфт, ки “ҳоло чизе дақиқ нест, барои дақиқ шудани ин мавзуъ пас аз нисфирӯзӣ тамос гиред”.

Ҳамчунин як мансабдорои баландпояи ҳукумати ВМКБ ба мо гуфт, ки дар назар аст, ки соатҳои12-13-и имрӯз маросими муаррифии раиси нави вилоят сурат бигирад.

Ба гуфтаи манбаи “Asia-Plus”, Руслан Шоиков ба ҷойи Алишер Мирзонабот раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст.

Ёдгор Файзов, ки дар миёни ҷомеаи Бадахшон ба унвони раиси Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз нуфузи зиёде бархӯрдор буд, 1-уми октябри соли 2018, пас аз норизоятии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори раҳбарии пешини ВМКБ, раиси ин вилоят таъин шуда буд.

Баъд аз раиси ВМКБ шудан, Файзов бо амалкардҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмул ва суханрониҳои бепардаву барои мардум ва расонаҳо дастрас буданаш, хеле маъруф шуд. Ӯ дар мусоҳибаҳои зиёде бо расонаҳо  ва ҳузури шахсияш дар даргириҳо ва гирдиҳамоиҳо ба яке аз мансабдорони мардумгаро ва қобили эътимод табдил ёфт.

Ёдгор Файзов ва Алишер Мирзонабот ҳангоми пазироӣ аз сокинони вилоят. Соли 2019.

Алишер Мирзонабот, ки ҳоло гуфта мешавад раиси ВМКБ таъин шудааст, то моҳи октябри 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд, ки муовини аввали Ёдгор Файзов таъин шуд ва соли гузашта пас аз интихоботи президенти Тоҷикистон аз муовинати раиси ВМКБ барканор ва раиси шаҳри Хоруғи ин вилоят таъин шуда буд.

Тафсилоти дигари хабар нашр мешавад.