Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди чанд рӯзи иҷрокунандаи раиси ин вилоят таъин шудани Алишер Мирзонабот  шарҳи ҳоли расмии ӯро нашр кард.

Бар асоси маълумоти пешниҳодкардаи дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Мирзонабот Алишер Худобердӣ  27 августи соли 1980 дар  ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.

Соли 1997 мактаби миёнаи № 4-и ноҳияи Рӯшонро  хатм намуда, соли 1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва дар сафи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қисми низомии 2730, воқеъ дар шаҳри Душанбе, то моҳи майи соли 2000-ум адои хизмат мекунад.

Соли 2000-ум  донишҷӯйи Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон шуда, соли  2003 хатм мекунад.

Аз моҳи марти соли 2003  корро ба ҳайси муовини сардори ситоди қисми ҳарбии 2107-и Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз намуда, моҳи январи  соли 2004  ба вазифаи сардори ситоди қисми  ҳарбии номбурда таъин шуда, то моҳи августи соли 2005 дар ин вазифа адои хизмат кардааст.

Солҳои 2005-2006 шунавандаи Академияи сарҳадии Хадамоти бехатарии федеролии Федератсияи Русия дар шаҳри Москва будааст.

Аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи декабри соли 2009 дар симмати   сардори ситоди қисми ҳарбии 2655 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМТ дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом адои вазифа мекунад.

Аз соли 2009 то соли 2011  ҳамчун  афсари калони Шуъбаи фаъолияти  намояндагии сарҳадии Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамояд.

Аз соли 2011 то соли 2014 бошад,  ба ҳайси сардори ситоди Отряди шашуми сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда,  аз соли 2014 то соли 2017  вазифаи сардори Отряди сарҳадии ҳафтуми КДАМ дар ноҳияи Ҳамадониро ба ӯҳда дошт.  Дар муддати се моҳ, яъне аз  моҳи июл то моҳи сентябри соли 2017, ба симмати сардори  Отряди сарҳадии   6-уми СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз моҳи сентябри соли 2018, бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба мансаби муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардида, то моҳи ноябри соли 2020 дар ин мансаб адои вазифа мекунад.

Рӯзи  24 ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардида, пасон  то 4 ноябри соли 2021 раисии шаҳри Хоруғро ба дӯш дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 5 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин гардид. Оиладор ва соҳиби чор фарзанди ноболиғ мебошад.

Ҳафтаи гузаштаи “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худаш навишта буд, ки раиси нави вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон замони сарбозӣ дар ноҳияи Мурғоб дар қисми ҳарбие хидмат мекард, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз фармондеҳони маҳаллии неруҳои мухолифин дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва дар ҳоли ҳозир яке аз чеҳраҳои ғайрирасмии пурнуфузи ин вилоят сардори он буд. Аммо ҳукумати ВМКБ  гуфт, “Мирзонабот Алишер  ҳеҷ вақт ба ҳайси сарбози Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир кору фаъолият накардааст”.

Бино ба маълумоти расман пешниҳодкардаи ҳукумати вилоят, раиси нав дорои рутбаи ҳарбии генерал-майор  буд, барои хизматҳои сазовор ва содиқона ба давлату миллати тоҷик  бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.