Тибқи хабарҳои расида, Бахтиёр Назарзода раиси иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд. 

Ба гуфтаи як манбаъи "Азия-Плюс" дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб, раиси нави шаҳрро аллакай барои кормандони ҳукумат муаррифӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ нагуфт, ки шаҳрдори пешини Кӯлоб Вализода Абдулқодир Исуф, ки ҳамагӣ 20-июни соли гузашта ба ин мақом таъин шуда буд, ба вазифаи дигаре таъин шудааст ё не. 

Шаҳрдори пешини Кӯлоб аз ин пеш дар ноҳияҳои Ховалин ва Ҳамадонӣ ҳам раис буд. 

Бахтиёр Назарзода то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб  сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон буд, ки дар бахши моляи аз соли 2006 кор мекард. 

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Даврон Нишонзода раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ноҳияи Носири Хусрав буд. 

Раиси пешини Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол бознишаста шудааст ва раиси нави Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода шудааст, ки то ин замон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халуии демкоратӣ дар ноҳияи Қубодиён буд.

Ҳарчанд дар ҳукумати вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" таъйини Аъзам Ализода Наврӯзро ба мақоми раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйид ё рад накарданд, аммо бархе манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки фармони таъйиноти Ализода имрӯз содир шудааст. 

Баъди даргузашти раиси собиқи ин ноҳия, Тоҳир Азиззода дар ду моҳи пеш, курсии раиси ин ноҳия холӣ буд.

Гуфта мешавад Ализода Аъзам Наврӯз, фарзанди Наврӯз Валиев, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аст, ки то раиси ноҳияи Мастчоҳ шудан сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд будааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.