Баъди аз Русия ба Тоҷикистон истирдод намудан ва боздошту ҳабси роҳбари “Маркази тоҷикон” дар Маскав Иззат Амон, сару садоҳо ва хабарҳои дигари истирдоду боз шудани парванда дар Тоҷикистон алайҳи кормандони дигари марказ якбора авҷ гирифт.

Ҳоло “Маркази тоҷикон” дар Маскав аз моҳи августи соли 2021 дигар фаъолият намекунад, вале таъқибу эҳтимоли истирдоди кормандони собиқи он идома дорад. “Азия-Плюс” аз кормандони собиқи ин марказ пурсон шуд, ки ин чӣ ниҳоду буд ва чаро кормандони он мавриди таъқиби ҷиноиву ҳатто сиёсӣ (ба гуфтаи худи кормандони марказ) қарор мегиранд?

“Маркази Тоҷикон” дар Маскав чӣ ниҳод аст?

Огоҳон муваффақияти марказро ба роҳбари қаблии он Иззат Амон ва кумаки ҳуқуқии ӯ ба муҳоҷирон рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, сабаби боздошт ва истирдоди кормандони дигар ҳам маҳз Иззат Амон аст.

Иззат Амони 48-сола, ки аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дошт, аз соли 2010 ба кӯмаки муҳоҷирони тоҷик дар Русия машғул буд. Ӯ ба шаҳрвандони тоҷик дар сабти ном дар ниҳодҳои давлатии Русия ва пайдо кардани кор ва ҷойи зист кӯмак мекард.

Ӯ се сол пеш эълон кард, ки дар Маскав идора (офис)-и “Маркази тоҷикон”-ро боз кардааст ва омода аст ба муҳоҷирон ёрӣ расонад. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо ва гузоришҳо пахш мешуд ки ба ин ё он муҳоҷири мушкилдошта кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳатто молиявӣ кардаанд.


Бахтовар Ҷумъаев, ки яке аз муассисони марказ буда, баъди истирдод ва ҳабси Иззат Амон роҳбарии марказро ба дӯш гирифт, мегӯяд, соли 2019 расман ба фаъолият оғоз намуд.

- Ҳадафи мо танҳо кӯмак ба муҳоҷирони корӣ буд ва мо ҳеҷ кори ғайриқонунӣ ва фаъолияти сиёсӣ надоштем. Ҳамарӯза ба беш аз 100 муҳоҷири тоҷик кумаки ҳуқуқӣ мерасонидем. Баъди боздошти Иззат Амон  фишору таъқиб болои кормандони марказ оғоз шуд ва тасмим гирифтем, ки фаъолияти марказро боздорем. Рӯзи охирини кории марказ 30 августи соли 2021 буд,- гуфт Ҷумъаев.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, маҳз изҳороти тунду сиёсии роҳбари собиқи марказ Иззат Амон хашми мақомоти тоҷикро овард ва онҳо ба “шикор”- -и кормандони дигар оғоз карданд.

- Баъди он ки Иззат ва чанд нафари дигар ба марказ пайвастанд, - нақл кард Бахтовар, - гуфтанд шумо марказро ба хотири ворид шудан ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон созмон додаед. Мо гуфтем, ҳамаи кори мо ошкор аст ва ҳукуматро ҳам танқид намекардем.

Вай иддао мекунад, ки ҳатто дар баромадҳо худ аз муҳоҷирон хоҳиш мекарданд, ки дар мавриди мушкилоташон пурсанд ва саволҳои сиёсӣ надиҳанд.

Суҳроби Ҷаҳон, яке аз кормандони дигари собиқи марказ гуфт, кормандони аввали марказ Иззат Амон ва Бахтовар Ҷумъаев буданд ва кормандони дигар ба таври волонтиёр ба кор ҷалб мешуданд.

- Ҳеч кадоме аз кормандони марказ музди меҳнат намегирифтанд. Хидматҳои мо ҳамааш, ҳисоботӣ буданд, мисли оина маълум аст, - иддао намуд Суҳроби Ҷаҳон.

Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 5 нафар дар маркази тоҷикон фаъолият мекарданд ва ба ғайр аз Бахтовар Ҷумъаев ва Иззат Амон дигарон бештари вақт дар идора набуданд.

Бахтовар Ҷумъаев

Дар бораи сабти номи марказ иттилоъи расмӣ мавҷуд нест. Бархе кормандони он гуфтанд он дар Русия сабти ном шудааст, вале ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод карда натавонистанд.

Бояд гуфт, ки “моҳи октябри соли 2020 пулиси Маскав ба идораи ин марказ “рейд” кард. Дар ҳукми кофтукоб гуфта мешуд, ки эҳтимолан Иззат Амон "таблиғи ифротгароии мазҳабӣ" анҷом додааст.

“Шикор” алайҳи киҳо оғоз шуд?

Баъди боздошти Иззат Амон, сараввал, алайҳи Бахтовар Ҷумъаев дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Худи Бахтовар парвандаро нодурст медонад.

Баъдан, моҳи августи соли равон, мақомоти Тоҷикистон корманди дигари марказ Ҳусейн Ишанқуловро, ба "даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ бо истифода аз расонаҳо ё Интернет" муттаҳам кардаанд. Худи  Ишанқулов гуфта буд, ба зидди ӯ барои як навори муроҷиаташ ба муҳоҷирон ба тарафдорӣ аз Иззат Амон (дар Маскав) ҷамъ шуда буданд, парванда кушодаанд. Ӯ иттиҳомро рад кард ва бо марказ ҳамкориро қатъ намуд.

Ҳафтаи гузашта хабарҳо дар мавриди боздошти Муҳаммадхон Эгамов ва эҳтимоли истирдод аз Русия ба Тоҷикистон доғ шуд.

Ҳамкорони ӯ гуфтаанд, ҳадафи боздошти ӯ ҳамкорӣ бо Иззат Амон аст, вале наздиконаш мегӯянд, ӯ на дар "Маркази тоҷикон" буд ва на бо Иззат Амон ҳамкорӣ дошт. Вай ба тиҷорат машғул буд”.

Бахтовар Ҷумъаев мегӯяд, эҳтимол Муҳаммадхон аллакай ба Тоҷикистон истирдод шудааст ва дар яке аз боздошгоҳи кишвар қарор дорад.

Худи Бахтовар ҳам мегӯяд, ба ӯ боздошт ва лағви шаҳрвандии Русияву истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Ӯ гуфт, эҳтимоли боздошташ ба ҳамкории ӯ бо Иззат рабт мегирад, чунки дар марказ танҳо ӯ ба масъалаҳои сиёсӣ дахл мекард.

Ба ғайр аз ин, ҳадди ақал ду корманди собиқи марказ шикоят карданд, ки эҳтимол аст, бо дархости Тоҷикистон Русия онҳоро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум намуда, ба Душанбе истирдод кунад.

Нигаронии Шуҳрат Қудратов аз эҳтимоли истирдодаш ба Тоҷикистон

Шуҳрат Қудратов

Суҳроби Ҷаҳон ва Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъ ҳам аз эҳтимоли ба Душанбе бурда шуданаш огоҳ шудаанд, аммо ҳанӯз ба таври расмӣ хабаре нагирифтаанд.

Вале мегӯянд, гурӯҳе аз намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Маскав ҳастанд ва барои бурдани онҳо бо мақомоти Русия гуфтушунид доранд.

Шуҳрат Қудратов гуфт, ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони дар кишвар мамнӯи Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин дар Аврупо, гумонбар медонанд. Вале ӯ мегӯяд, ин нодуруст ва намедонад, ки иттиҳом аз куҷо сарчашма мегирад.

Ӯ ҳамкориаш бо созмони "Маркази тоҷикон"- ро ҳам яке аз сабабҳои истирдодаш ба Тоҷикистон медонад.

- Мушоҳида нишон медиҳад, ки касе дар ҳудуди Русия ба кӯмаки муҳоҷирони тоҷик машғул шавад, аввал шаҳрвандиашонро бекор карда, баъд ба Тоҷикистон истирдод мекунанд, – гуфт ӯ.

Ҳоло бо ишора ба сарнавишти Иззат Амон мегӯяд, ӯ низ шаҳрванди Русия аст, вале мақоми шаҳрвандӣ ҳам наметавонад, пеши роҳро бигирад.

Мақомои Тоҷикистон Шӯҳрат Қудратовро соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба нӯҳ сол зиндон маҳкум кард, аммо баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Ҳамааш “айб”-и Иззат Амон?!

Кормандони маркази тоҷикон дар Маскав бовар доранд, ки маҳз баромадҳои тунду сиёсӣ ва танқиди ҳукумати феълӣ аз ҷониби роҳбари собиқи марказ Иззат Амон сабаби боздошт ва “шикор”- и кормандони созмон шудааст.

- Ба мо гуфтаанд, онҳое ки дар наворҳои видеоӣ бо Иззат фаъол буданд, худашон ба Тоҷикистон меоянд ва ё онҳоро “меорем”. Ин дар ҳолест, ки онҳо далеле барои боздошти мо надоранд, - нақл кард Ҷумъаев.

Иззат Амон ва Суҳроби Ҷаҳон

Ба гуфтаи номбурда, мақомот бо ин роҳ мехоҳанд, ки онҳоро тарсонанд ва фаъолияти марказро қатъ кунанд.

- Ин марказ аллакай вуҷуд надорад. Вале дар як оила як нафар гунаҳкор бошад, набояд ҳамаи аъзои оиларо боздошт кард, - гуфт ӯ.

Вале Суҳроби Ҷаҳон мегӯяд, мақомот ва сафорат аз фаъолияти марказ огоҳ буданд ва дар рӯзҳои сахти куруно аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки чанд барномаҳои онҳоро пиёда кунанд.

- Ҳамеша дар паҳлуи сафорату миллат будем. Коре намекардем, ки аз касе огоҳӣ надошта бошад. Хидматҳои аз ҳад зиёди марказ шояд ба гурӯҳе хуш наомад, ки ба чунин сарнавишт расидем, - гуфт Суҳроб.

“Аз лидерҳо метарсанд”

Шуҳрат Қудратов мегӯяд, нафаре ки дар ҳудуди Русия ба муҳоҷирон кумак мекунад, дар байни муҳоҷирон маҳбубият пайдо мекунад ва аз ин маҳбубият Иззат бархӯрдор буд.

- Аз Тоҷикистон ҳастанд нафароне, ки намехоҳанд шахсони алоҳида ба кумаки муҳоҷирон машғул бошанд, маҳбубият ва дастгирӣ пайдо кунанд. Яъне гурӯҳе аз ҳукумат намехоҳанд, ки дар байни муҳоҷирон лидер пайдо шавад. Қазияи Иззат нишон дод, ки ӯ дар байни муҳоҷирон маҳбубият дорад ва ҳатто муҳоҷирон ба ҳимояи ӯ ба гирдиҳамоӣ даст заданд, - гуфт Қудратов.

Номбурда гуфт, ки тирамоҳи соли 2020 то августи соли равон бо даъвати Иззат Амон ҳамчун ҳуқуқшинос дар марказ кор мекард ва танҳо ба муҳоҷирони корӣ кумак мекарду бас.

Ҳусейн Ишанқулов

Шуҳрат Қудратов ҳам мегӯяд, маҳз изҳорти сиёсӣ ва фаъолиятҳои Иззат Амон сабаб шуд ки таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон ба кормандони марказ бештар шавад.

Ӯ мегӯяд, сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирон кумак намекард ва дар ин ҳолат муҳоҷирон ба марказ рӯ меоварданд. Барои он ки ин марказро аз байн баранд Иззатро зиндон карданд ва нисбати кормандони дигар фишор овардаанд.

- Як чизи аҷиб ин аст, ки роҳбари марказ (Иззат Амон дар назар аст) – ро дар Тоҷикитсон бо қаллобӣ мутаҳҳам мекунанд, вале кормандони онро дар экстримизм ва терроризм. Чӣ гуна роҳбар қаллоб будаасту шогирдонаш экстримизму терроризм?,- мепурсад Қудратов.

Кормандони собиқи марказ мегӯянд, тасмими тарки Русияро надорад ва бовар намекунад, ки сарнавишти роҳбари марказ бо онҳо  такрор мешавад.

Вале Бахтовар Ҷумаъев тасмим дорад, ки ба унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон мактуб нависад ва асли воқеаро бозгӯй намояд.

- Ин кори мақомот норозигии мардумро меафзояд. Ин ба манфиати ҳеҷ кас нест. Танҳо боздошти Иззат садҳо ҷавонро ба хашм овард, - гуфт Бахтовар Ҷумъаев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.