Дар бархе аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи телевизион ва радио ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Дилафрӯз Амирзода аз мақоми мудири телевизиони кӯдакону наврасон - "Баҳористон" озод шуда ва ба симати мудири шабакаи тозатаъсиси  ТВ "Сайёҳӣ" таъйин шудааст.

Ба ҷойи Дилафрӯз Амирзода дар ТВ "Баҳористон" Ҳамза Маҳмудӣ таъин шудааст, ки то ин вақт мудири мактаби махсуси ҷумҳурявии кӯдакони душвортарбия буд.

Ҳамчунин Бахтовари Сайфулло мудири телевизиони мусиқии "Шаҳнавоз" таъин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тағйирот имрӯз, 25-уми ноябр дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст ва қарор аст чанде пас  қарорҳои марбут нашр шаванд.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ки имрӯз дар баробари тағйирот дар бахши телевизион, ҳамчунин дар сохторҳои неруҳои марзбони, мақомоти додгоҳӣ ва сохторҳои нав ҳам тағйирот сурат гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.