Аз 22 то 27 ноябри соли 2021 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуд.
Гуфта мешавад, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Зикр мегардад, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек баргузор шуд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расида буданд.
Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.
Қаблан як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста