Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Қирғизистон Садир Жапаров барқия фиристода, ӯро бо ҷашни зодрӯзаш табрик кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Жапаров солимӣ ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳо орзу намуд. Барқияи табрикӣ 6 декабр дар сомонаи президенти Қирғизистон ба нашр расидааст.

“Ба шумо саломатии бардавому дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Қирғизистон рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно дорам.

Бо истифода аз фурсати мусоид изҳори итминон мекунам, ки муносибатҳои ҳамкориҳои созандаи Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ дар асоси усули эҳтироми мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои муштарак рушду густариш хоҳанд ёфт”, - омадааст дар барқия.

Президенти феълии Қирғизистон Садир Жапаров 6 декабри соли 1968 дар ноҳияи Тюпи вилояти Иссиқ-Кӯли Қирғизистон ба дунё омадааст. 10 январи соли равон президенти кишвари ҳамсоя интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.