Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз духтаронашро дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафир таъйин намудааст. Рухшона то ин вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.
Матни таъйини Рухшонаи Эмомалиро шоми имрӯз, 15 декабр сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар баробари дигар тағйиротҳои кадрӣ нашр намуд.
Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мансаб Масуд Халифазодаро иваз кард. Дар фармони Халифазода сабаби барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” дарҷ шудааст.
Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.
Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт. Дар Лондон Рухшона ҳамроҳи ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британия зиндагӣ дошт.
Соли 2017 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз рӯнамоии китоби "Асосҳои хизмати дипломатӣ" хабар дода буд, ки муаллифи он Рухшона Эмомалӣ буд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар қаблан, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон, раиси кунунии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур - Озода Раҳмон, низ кор мекард. Ӯ дар ин вазорат ба унвони сардори сарраёсати консулӣ, муовин ва муовини аввали вазир кор мекард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста