Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон намуда, дастур дод, ки беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, даромади аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад.

Паёми раисҷумҳур ба порлумони кишвар соати 10.00 имрӯз оғоз шуда, дар Кохи Сомон ҷараён дорад. 

Эмомалӣ Раҳмон  гуфт, ки соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион ва соли 2026 ба 11 миллион мерасад, ки бояд барномаву стратегияҳои давлат бар асоси афзоиши шумораи аҳолӣ таҳия шаванд.

Раисҷумҳур дастур дод, ки то охири соли 2022 дар кишвар Сатргеияи иқтисоди давлат таҳия ва пазируфта шавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.