Президенти Тоҷикистон имрӯз зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ӯро бо ҷашни 60-умин солгарди зодрӯзаш табрик кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

“Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои навро ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзу кард”, - омадааст дар хабар.

Президенти Тоҷикистон талошҳои пайваставу созандаи Илҳом Алиевро дар ҷодаи рушди тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон махсусан таъкид намуд.

Гуфта мешавад, дар ин зимн роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима ва ҷараёни мусбати инкишофи онҳоро тайи солҳои ахир зикр карданд.

“Ҳамчунин, алоқамандии тарафайн ба пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити байни ду кишвар, аз ҷумла бо роҳи татбиқи ҳадафмандонаи  тавофуқоти қаблан бадастомада  таъкид гардид”, - зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.