Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нахустин сафири Фавқулода ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Квон Донг Сок нусхаи эътимодномаи худро ба  ин ниҳод супурдааст.

Нусхаи эътимодномаи сафири Курёро имрӯз, 7-уми январи 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим қабул кардааст.

Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки то вақт сафирони Куриё ба унвони сафирони ғайримуқимӣ дар Тоҷикистон таъин мешуданд. Аммо акнун Квон Донг Сок нахустин сафири муқимии Куриё дар Душанбе хоҳад буд.

Сафири нахустини Куриё дар Душанбе зимини мулоқот бо Фарҳод Салим дар мавриди ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва ғайра изҳор доштанд.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Куриё 27 апрели 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Куриё моҳи апрели 2015 ифтитоҳ шуда Сафорати Куриё дар Тоҷикистон дар сатҳи кордор соли 2008 боз шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.