Шаҳрванди Қирғизистон, ки 1 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон боздошт шуда буд, ба ватан баргардонида шуд, хабар медиҳад 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, моҳи ноябри соли гузашта дар қитъаи роҳи мошингарди Арка - Борбордуки ноҳияи Лайлак кормандони КДАМ Тоҷикистон шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон Р.И.-ро боздошт намуда буданд.

“Ба туфайли тадбирҳои андешида аз ҷониби намояндаи Хадамоти марзбонӣ дар вилояти Ботканд 10 январ шаҳрванди Қирғизистон тариқи гузаргоҳи «Кулунду-автодорожный» дар ноҳияи Лайлак ба ватан баргардонида шуд”, - иброз доштаанд дар Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя.

Дар хабар гуфта намешавад, ки шаҳрванди Қирғизистон барои чӣ дар Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи хабарҳои қаблӣ, охири моҳи ноябри соли 2021 Тоҷикистон боз 3 қиргизистонии дигарро низ ба ватанашон баргардонида буд.

Зикр шуда буд, ки дар вохӯрии намояндагони Хадамоти марзбонии кишварҳо, ки 26 ноябр доир гардид, чунин тасмим гирифта шуда буд.

Баъдан нимаи моҳи декабри соли гузашта мақомоти Қирғизистон изҳор дошта буданд, ки дар Тоҷикистон 7 нафар қирғизистониҳо боздошт шудаанд.

Он замон зикр шуда буд, ки дар Қирғизистон низ шаҳрвнадони боздоштшудаи Тоҷикистон ҳастанд.

“Бо сабаби наздикии деҳаҳо дар сарҳад, сокинон тасодуфан дар он самти марз қарор мегиранд. Ба мо маълумот расид, ки  дар Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марз 2 шаҳрванди Қирғизистон маҳкум шудаанд. Дар бораи ба ватан баргардонидани онҳо гуфтушунид дорем. Дар доираи қонунҳои мо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд. Баъдан агар дар қонунгузорӣ пешбинӣ шуда бошад, мо онҳоро ба ҷониби Тоҷикистон медиҳем”, - изҳор дошта буд он замон зимни нишасти хабарӣ намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбоев.

Аммо дар бораи тақдири шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол чизе маълум нест. “Азия-Плюс” талош варзид, ки аз ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қирғизистон аз хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дастрас кунад, лекин аз он ҷо ирсоли дархости расмӣ талаб намуданд. Ба дархости расмӣ то имрӯз посух дода нашудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.