Имрӯз дар идомаи тағйироти кадрии соли 2022, ки дирӯз оғоз шуда буд, Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал ва раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва чанде аз сохторҳои дигар низ барканор шуданд.

Дар ин бораи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, аммо то кунун ному насаби нафарони навтаъиншуда ба ҷойи раҳбарони барканоршуда расонаӣ нашудааст. 

Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ,  раисони шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода аз мақомашон барканор шуданд.

Ҳамчунин Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», Табарзода Ҷамшед, директори генералии корхонаи  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ низ аз мақомашон барканор гардидаанд.

Табарзода Ҷамшед акнун ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Амирхон Қурбонзода, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт дар пайи ин тағйирот муовини раиси вилояти Хатлон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.