Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари кории серӯза ба вилояти Суғд меравад. Дар соли ҷорӣ ин нахустин сафари раисҷумҳур ба шимолии Тоҷикистон аст, ки аз 8-ум то 10-уми феврал идома меёбад.

Аз ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров боздид мекунад.

Зимни ин сафар раисҷумҳур дар маросими кушодашавии чанд корхонаи саноатӣ, бинои кӯдакистону макатаби миёна, бинои истиқоматӣ, мағозаву боғи фарҳангӣ-фароғатӣ иштирок мекунад.

“Дар доираи ин сафар корхонаҳои истеҳсоли метал, ширешбарорӣ, зарфҳои пластикӣ, заргарӣ ва баистифода диҳии дигар корхонаҳо дар назар аст. Дар шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии Темурмалик, бинои нави кӯдакистон, мактаби таҳсилоти иловагӣ ва бинои ҲХДТ ба истифода дода мешавад”- гуфт, манбаъ аз ҳукумати Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст, мағозаи “Амид” дар паҳлӯи собиқ корхонаи “Абрешим” ба истифода дода шавад, ки аз калонтарин мағоза дар маркази маъмурии Суғд маҳсуб меёбад. Инчунин дар назди ин мағоза намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоливу саноатии шимолии Тоҷикистон дар назар аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд як бинои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода дода дар ҷашни аҷдоди “Сада”, ки дар назди Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” доир мегардад ширкат меварзад.

Ҳамасола пеш аз сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд БДА аз баста шудани роҳҳо дар соатҳои муайян эълон пахш мекард. Вале бино мушоҳидаҳо ва ба гуфтаи расонаҳои маҳаллии Хуҷанд айни замон чунин эълон аз суйи ин ниҳод дода нашудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.