Бино ба хабарҳои дарёфтии "Азия-Плюс" Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки фармони барканории Имомзода, субҳи имрӯз аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, чанд лаҳза қабл, як манбаъи муътамад аз Вазорати маориф ва илм ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло кормандони вазоратро барои муаррифии вазири нав дар маҷлисгоҳи вазорат ҷамъ овардаанд. Аммо ин манбаъ гуфт, ки ҳоло маълум нест, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон чӣ касе таъин шудааст.

Вале манбаъҳои "Азия-Плюс" мегӯянд, ки Саидзода Раҳимҷон Ҳамро раиси филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе вазири нави маорф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол то кунун сайти расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ва расонаҳои расмии давлатӣ дар бораи барканории вазири маориф иттилое нашр накардаанд.

Дар ҳамин ҳол дақиқ нест, ки Имомзода ба мансаби дигаре таъин шудааст ё не.

Сару садоҳои барканории Имомзода аз мақоми вазири маориф пас аз интиқоди шадид президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахирашон, рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ сари забонҳо буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паём, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд

Ӯ гуфта буд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст ва омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.

- Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, - гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал ба танқидҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон ба порлумони кишвар, дар робита ба сифати таҳсилот вокуниш карда буд.

Ӯ гуфта буд, он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуд, воқеиву дуруст аст ва онҳо дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.

Номбурда гуфт, ки барои рафъи эродҳои раисҷумҳур аллакай, чанд масъаларо нақшабандӣ кардаанд, ки яке аз онҳо ташкили шуъбаи назорати сифати таҳсилот аст, ки сифати таълиму тадрисро дар муассисаҳои миёна ва олӣ санҷиш мекунад.

- Рушди ҷомеа ҳамеша нисбат ба таҳсилот боло меравад. Вақте мо қонеъ шудем, пас ин чизи манфӣ ба ҳисоб меравад. Аллакай, нисбати интиқоди ҷиддии президент чанд масъаларо нақшабандӣ кардаем. Якум, ба он шурӯъ кардем, ки аз ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ вуҷуд доранд. Кадоме аз ин ихтисосҳо барои мо лозим асту кадомаш не. Дуввум таҷдиди назар намудани тамоми барномаҳо ва стандартҳое, ки ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ бошад, - гуфт Имомзода.

Вазири маориф ва илми кишвар изҳори умедворӣ карда буд, ки солҳои оянда дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.