Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи ахири худ аз "идомаи саркӯби мухолифини сиёсӣ" ва "эҷоди фазои тарс" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст. 

Дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи башар Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар гуфтааст, ки  дар Тоҷикистон саркӯби мухолифони сиёсӣ идома дорад ва шумори мухолифоне, ки барои муддатҳои зиёд равонаи зиндон мешаванд, меафзояд.

Ин мақоми СММ гуфтааст, ки ин мухолифон дар чаласаҳои  додгоҳие маҳкум мешаванд, ки меъёрҳои қонунӣ мувофиқат намекунанд. 

"Хушунат миёни неруҳои амниятӣ ва эътирозгарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин вазъи ҳуқуқи башарро дар ин минтақа ба таври қобили мулоҳиза бад кард ва фазои тарсро эҷод намуд",-гуфтааст Бачелет.

Ман аз идома ёфтани қатъи интернет дар ин минтақа афсӯс мехурам, ки қатъи интернет нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст,-гуфтааст ин мақрмдори СММ.

Тоҷикистон то кунун ба ин интиқоди СММ посух надодааст, вале дар гузашта мақомоти Тоҷикистон далели қатъи интернет дар ВМКБ-ро ба далоили амниятӣ марбут дониста буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.