Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои тозаинтихоби Арманистон, Ҷумҳурии Корея ва Маҷористон барқия табрикӣ ирсол намуд.
Дар барқияи табрикӣ ба президенти Арманистон Ваагн Хачатурян таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҳам мепайванданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки муносибатҳо миёни кишварҳо минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл ин кишварро аз ҷумлаи шарикони муҳими кишвар дар арсаи байналмилалӣ номид.
“Кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем”, - омадааст дар барқияи табрикӣ.
Дар барқияи табрикӣ ба президенти Маҷористон (Венгрия) Каталин Ева Верешне-Новак манфиатдории Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо ин кишвар изҳор шудааст.
“Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии мо дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми тарафайн ба пояҳои баландтар бардошта хоҳад шуд”, - зикр мегардад дар барқия.
Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои ин кишварҳо сиҳатмандиву саодат ва комёбиҳо дар фаъолияташон ва ба мардуми ин давлатҳо сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста