Таҳаввулоти ахири Покистон, эътирофи осемасари Толибон дар Маскав ва ба ихтиёри намояндаи як гуруҳи террористӣ ("Толибон" дар Русия расман гурӯҳи террористӣ шинохта шудаанд) додани сафорати Афғонистон дар Русия, аз қудрат канор задани Имронхон, ки ҳомии "Толибон" дониста мешуд, паёмҳои хубе аз ояндаи сиёсии қалб ва ҷануби Осиё намедиҳанд. 

Хусусан дар пасманзари ҷанги Русия дар Укроин ва талошҳои саросемавори Чину Русия барои ҳар чи зудтар бар тани Толибон пӯшонидани ҷомаи расмият ва "нокомӣ"-и Амрикову ҳампаймононаш барои қабулонидани шартҳову арзишҳояшон бар Толибон, ин таҳаввулот аҳамияти фавқулодае дар геолполитика ва равандҳои сиёсии минтақа дорад. 

Покистоне, ки ба иқрори Марям Шариф, духтари Навоз Шариф ва бародарзодаи Шаҳбоз Шариф, "дар 40 соли ҷанг ва мунозиаи Афғонистон нақши калидӣ ва ғайри қобили инкоре дошта аст ва ба унвони як ҳамсояи ноҷавонмард ва харобкор барои бесуботӣ ва вайронии Афғонистон ба гунаи мухталиф чоҳ кандааст ва суқути низомҳои Афғонистонро дар тӯли таърих ҷашн гирифтааст", яке кишварҳои муҳим барои ҳалли буҳрони Афғонистон аст.

Аз ин дидгоҳ, ба қудрат расидани Шаҳбоз Шариф, ки ҳам равобити хубе бо Чину Амрико ва ҳам миёнаи хубе бо Ҳинду артиши Покистон дорад, аз ҳар нигоҳе ҷолиб аст. Аммо ин ҷо на таҳлили ояндаи ҳукумати Шаҳбоз Шариф, балки муруре ба шахсият ва роҳи расидани ӯ ба қудрат аст. 


Фарзанди хонаводаи сарватманд ва сиёсатмадор

Миё Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, раҳбари ҳизби Мусалимлиг-шохаи Навоз, ба унвони бисту севумин нахуствазири Покистон интихоб шуд. Ӯ акнун ба унвони нахуствазири ин кишвар метавонад то октябри 2023, то замоне, ки интихоботи умумии минбаъда баргузор шавад, дар ин мақом бимонад. Аммо ин ба ӯ муяссар хоҳад шуд ё не, вақт доварӣ мекунад. Зеро аз 22 нахуствазири пешини ин кишвар то кунун касе давраи қонунии сарвазирии худро то охир такмил накардааст. Касоне 13 рӯз сарвазир буданду касоне ҳам бештар аз 4 сол, вале ҳеч касе то поёни давраи худ дар қудрат боқӣ намонд.

Ба навиштаи BBC, Шаҳбоз Шариф дар хориҷ аз Покистон камтар шинохта шудааст, аммо дар дохили кишвар бештар ба унвони як мудири "муассир" шӯҳрат дорад, то як сиёсатмадор.

Шаҳбоз бародари хурдии Навоз Шариф, собиқ нахуствазир мебошад, касе, ки се бор мақоми нахуствазириро дар Покистон ба даст овардааст.

Шаҳбози 70-сола, се бор ба унвони сарвазири бузургтарин аёлати Покистон, Панҷоб кор кардааст. Ин аёлат пойгоҳи қудрати хонаводаи ӯст. Ӯ ҳоло раёсати ҳизби Мусалимлиг-шохаи Навозро бар дӯш дорад ва аз соли 2018 номзад ба мақоми сарвазирии Покистон буд.

Шаҳбоз Шариф дар Покистон ба унвони як мудири "сарсахт ва пуркор" машҳур аст, ки суханрониҳояш тавъам бо ашъори инқилобӣ аст. Дар интернет чандин наворҳои суханрониҳои ӯ мечархад, ки ин сиёсатмадор аз ҳаяҷони сахт бо дастонаш микрофонҳои расонаҳоро титу пош мекунад.

Хонаводаи Шаҳбоз аз Кашмир ба Панҷоб муҳоҷират кардаанд. Падараш аз сармоядорони табақаи миёнаи Панҷоб буд. Ду бор издивоҷ кардааст.

Бори аввал бо Нусрат Шаҳбоз дар соли 1973 издивоҷ кардааст, ки аз ӯ 4 фарзанд – Салмон, Ҳамза ва ду духтари дугоник Ҷавория ва Робия дорад. Бори дувум соли 2003 бо Таҳмина Дурронӣ издивоҷ кардааст. То расидан ба курсии нахсутвазирии Покистон дар Лоҳур дар хонаводаи падарияш зиндагӣ мекард.

Молики маҷмӯаи “Амлок-люкс” дар Лондон ва Дубай ва соҳиби  Ittefaq Group аст. Дороии ӯро аз бародараш Навоз Шариф бештар медонанд.

Таҳсил ва сиёсат


Шаҳбоз дар Лоҳур дар хонаводаи сарватманд ва молики ширкатҳои саноатӣ ба дунё омадааст. Падараш аз сарватмандони табақаи миёна буд. Дар донишгоҳи давлатии Лоҳур дар риштаи улуми инсонӣ то дараҷаи коршиносӣ таҳсил кардааст. Пас аз он вориди тиҷорати хонаводагӣ шуд ва ҳоло низ молики муштараки як ширкати фӯлод аст. Ӯ миллионер ва молики дороиҳои зиёде дар дохил ва хориҷ аз Покистон аст.

Шаҳбоз Шариф дар аёлати худ вориди сиёсат шуд ва дар соли 1988 ба унвони намоянда вориди маҷлиси аёлатӣ шуд. Аввалин бор дар соли 1997 сарвазири аёлати Панҷоб шуд, пас аз кудато (табадуллоти)-и низомии генерал Парвиз Мушараф дар сол 1999 ба зиндон афтод, соле баъд ба Арабистони Саудӣ (ҳамроҳ бо бародараш Навоз Шариф) табъид (бадарға) шуд, ҳафт сол баъд аз табъид бозгашт ва фаъолияти сиёсии худро дар Панҷоб аз сар гирифт ва дар соли 2008 дигарбора сарвазири Панҷоб шуд.

Бори севум дар 2013 сарвазири Панҷоб шуд ва то сол 2018 дар мақом буд, ки дар интихоботи умумии ин сол ҳизби Мусалимлиг шикаст хӯрд.

Ӯ пас аз сол 2017, ки бародараш Навоз ба иттиҳоми пинҳонкории дороиҳое, ки дар асноди Панама фош шуд, ба зиндон афтод, раёсати ҳизби Мусалимлиг-шоха Навозро бар дӯш гирфт.

Шаҳбоз Шариф ҳам, дар давраи Имрон Хон муттаҳам ба фасод шуд, аммо дар ҳеҷ иттиҳоме муҷрим шинохта нашуд.

Вай аз сол 2018 то кунун раҳбарии мухолифин ё опозисиюнро дар баробари давлати Имрон Хон бар дӯш дошт.

"Дӯст қадими Чин" ва ҷонибдори робита бо Амрико


BBC менависад, ки сарконсули Чин дар Лоҳур, соли гузашта дар замони хатми вазифаи худ дар номае ба Шаҳбоз Шариф аз ӯ "дӯсти қадими Чин" тавсиф кард ва аз иҷрои сареъи тарҳҳои даҳлези иқтисодии Чин-Покистон низ васф кардааст.

Дар ин нома дипломати чинӣ навиштааст, ки ҳизби Муслимлиги Навоз дӯсти Чин аст, чи  ин ҳизб дар қудрат бошад,  чи дар опозисиюн.

Дар ҳамин ҳол, Шаҳбоз Шарифро яке аз чеҳраҳое медонанд, ки бо Ғарб, хусусан Амрико ва Бритониё равобити хубе дорад. Ҳафтаи гузашта дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфт, ки равобити хуб бо ИМА барои Покистон бисёр муҳим аст. Дар замоне, ки порлумони Покистон тасмим мегирифт Имрон Хонро аз қудрат барканор кунад, иттиҳомҳое ҳам ба Шаҳбоз Шариф ворид шуд, ки гӯё онҳо номае аз кишварҳои ғарбӣ дарёфт кардаанд.

Шаҳбоз Шариф дар порлумон гуфт, ки дар мавриди ҳеч номае хабар надорад ва агар касе ин номаро собит кунад, омода аст, ки истеъфо кунад.

Дӯстӣ бо Норендро Муди


Покистон, хусусан артиши ин кишвар дар мавриди равобит бо Ҳиндустон хеле ҳасос аст. Аммо бар хилофи ин суннати сиёсӣ, хонадони Шариф муносиботи дӯстонае бо Норендро Муди раҳбари Ҳинд доштаанд.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон низ дар иқдоме таърихӣ, дар соли 2014 дар маросими савганёдкунии Норендро Мудӣ, нахуствазир нави Ҳинд ширкат кард, ки ин дар Покистон сахт хабарсоз шуд.

Як сол баъд, оқои Муди ҳам ба иқоматгоҳи Навоз Шариф дар Лоҳур рафт ва дар маросими арӯсии набераи ӯ ширкат кард.

Артиши Покистон нисбат ба талошҳо барои беҳбуди равобит бо Ҳинд ҳассос аст ва сиёсати ин кишвар дар мавриди Ҳиндро контрол мекунад.

Ҳинд ва Покистон пеш аз муҷаҳҳаз шудан ба силоҳҳои ҳастаӣ се бор ҷангидаанд ва дар ду даҳаи ахир низ чанд бор то остонаи рӯёрӯии низомӣ пеш рафтаанд.

Гуфта мешавад, ки Шаҳбоз, дар муқоиса бо бародараш бо артиши қудратманди ин кишвар робитаи дӯстона‎таре дорад. Чизе, ки аксари таҳлилгарон барои давомнокии ҳукумати ӯ хеле муҳим меҳисобанд.

Дар Покистон, аз соли 1947 ба ин сӯ, аз замони касби истиқлоли ин кишвар, артиш дар нимае аз умри Покистон ҳукуматро дар ихтиёр дошт ва таъйинкунандаи хатти маши асосии кишвар ба вижа дар сиёсати хориҷӣ ва дифоъии ин кишвар аст.

Дар соли 2018, ки Имрон Хон нахуствазир шуд, низ гуфта мешуд, ки ӯ бо ҳимояти артиш ба ин самт расидааст.


Ҳоло давом овардани умри ҳукумати Шаҳбоз Шарифро бастагӣ ба ду чиз медонанд: ба эътилофе, ки бо Ҳизби мардум басту Имрон Хонро канор заданд ва мехоҳанд ҳукумати эътилофӣ ташкил диҳанд ва ба ҳимояти артиш. Ду коре, ки ба сахтӣ барои Шаҳбоз Шариф даст медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.