Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ба Ӯзбекистон рафтааст. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гуфта буд, ки роҳбари давлат бо як сафари дурӯза ба Ӯзбекистон меравад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ дар як матлаб бахшида ба равобити кишварҳо ки дар хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуда буд, хабари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, гуфта буд, ки ин сафар рӯзҳои наздик сурат хоҳад гирифт.
Зимнан, дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии ӯ бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар чеҳраҳои расмии ин кишвар дар назар аст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур ду рӯз қабл ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки дар Ӯзбекистон имзои як қатор санадҳо миёни ду кишвар пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Хадамоти матбуотии президенти кишвар бо нашри хабари кутоҳ дар бораи оғози ин сафар хабар менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 млн доллар (34,2%) зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо сари қудрати омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобитии сард миёни ду кишвар, ки солҳо боз идома дошт, рӯ ба нармӣ овард. Ҳамин тариқ, баъди сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 муносибат байни ду кишвар пурра тағйир ёфт.
Моҳи марти соли 2018 ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсоя бераводид ба муҳлати то 30 рӯз иҷоза доданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста