Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои  2018 – 2028», ки имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон намунаи омӯзиши оқилона ва самараноки захираҳои об мебошад.

Суханронии президент ба мавзӯи «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» бахшида шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” аз “Кохи Сомон” - макони баргузории конфронс.

«Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи об бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда баромад намуда, дар ин росто кишвар пешсаф будани худро собит кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешавад”, - гуфт президент.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Тоҷикистон ба манзури пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ  «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо то соли 2030»-ро қабул намудааст.

“Мо дар назди Академияи илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва талошҳоро дар ин самт дар сатҳи байналмилалӣ зиёд хоҳем кард. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ташаббуси таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба миён гузошт”, - таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Сурат: АМИТ "Ховар"

Сарвари давлат пиряхҳоро манбаи асосии оби тоза арзёбӣ намуда, хотиррасон  кард, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари афзоиши истеъмоли об, вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ метавонад оқибатҳои хеле манфӣ дошта бошад.

Дар  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  беш аз 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доранд. Конфронс имрӯз, 6 июн ба кор оғоз намуда, то 9 июн идома меёбад.

Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.