Созмони ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз Тоҷикистон даъват кард, ки боздоштшудагон - блогери тоҷик Далери Имомалӣ ва рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ “фавран” озод карда шаванд. Изҳорот имрӯз, 22 июн дар торнамои созмон нашр шудааст.
Созмон ҳамчунин аз созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ даъват кардааст, ки аз ҳукумати Тоҷикистон иҷрои уҳдадориҳои худро дар соҳаи ҳуқуқи башар талаб кунанд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, “Имомалӣ ва Ғурбатӣ бо вуҷуди аз ҷониби қонунҳои Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байнулмллалӣ дар мавриди озодии баён ва ВАО ҳимоя шуданашон, барои фаъолияти касбиашон таъқиб мешаванд”.
“Интиқоди мақомоти давлатӣ ҷиноят нест ва аз ин рӯ, блогерҳо бояд фавран озод шуда, ҳамаи айбномаҳо нисбати онҳо бояд бекор карда шаванд”, - зикр кардааст дар изҳорот Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи HRW оид ба Осиёи Марказӣ.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин изҳоротро шарҳ надодаанд.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори суд Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.
Далери Имомалӣ ба содир намудани ҷиноятҳо тибқи се моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ: 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 2, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 прим. 3, қисми 2 (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии манъшуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ) гумонбар дониста мешавад.
Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.
Қаблан Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба ҳайси наворбардор бо Д.Имомалӣ кор мекунад, иттиҳомро рад мекунад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 июн Далери Имомалӣ хабар дода буд, ки аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд ва баъдан мавриди лату кӯб қарор гирифт. Ӯ ҳангоми кӯшиши таҳияи гузориши видеоӣ дар бораи қабули шаҳрвандон дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд.
Ба дастгирии блогер ва дигар журналистон, ки мавриди лату кӯб ва таҳқир қарор гирифтанд, ҷомеаи рӯзноманигорӣ садо баланд кард.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар навбати худ бо дархости санҷиши мӯшикофонаи ин ҳодиса ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста