Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба таври оммавӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардани зодагони Тоҷикистонро гувоҳи риояи принсипи озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвар арзёбӣ кард ва гуфт, ин тамоюл барои ояндаи Тоҷикистон хатар надорад.
Ӯ, ки имрӯз, 28 июл дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, гуфт, дар баробари зодагони Тоҷикистон шаҳрвандони Русия низ шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифта истодаанд.
Усмонзода гуфт, қабули шаҳрвандии Русия аз сӯи зодагони Тоҷикистон наметавонад, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар монеа шавад.
Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии кадрҳо дар соҳаи маориф 3400 омӯзгор ва дар соҳаи тандурустӣ 2960 табиб ва 1340 нафар ҳамшираи шафқатро ташкил медиҳад. Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва тандурустӣ мегӯянд, сабаби норасоии кадрӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани кадрҳо аст.
- Қабули шаҳрвандии Русия аз ҷониби зодагони Тоҷикистон пеш аз ҳама дар асоси созишномаи дуҷониба сурат мегирад. Ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон принсипи озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон риоя мешавад. Дар ҳолате, ки кишварҳои мо созишномаи шарикии байналмилалӣ доранд, ин ҳолатҳо наметавонад,ки оқибати ногуворро ба бор орад, - гуфт Усмонзода.
Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти расмии Федератсияи Русия, дар шаш моҳи охир 74 ҳазору 162 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул кардаанд, ки ин дар як рӯз 410 нафарро ташкил медиҳад.
Раиси МТС дар бораи шумораи зодагони Русия, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтаанд, иттилоъ надод.
Вале дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки дар асл гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон хеле мушкил аст. «Азия-Плюс» дар солҳои охир чанд матлаб навиштааст, ки шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон, ки солҳои зиёд дар ин ҷо кору фаъолият доранд ва алакай бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди муштарак доранд, натавонистаанд шаҳрвандии умдаи Тоҷикистонро гиранд.
Хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон ҳастанду мехоҳанд, шаҳрвандии ин кишварро гиранд, танҳо баъди навиштани ариза ба номи расиҷумҳури Тоҷикистон, панҷ сол зиндагӣ дар дохили ин кишвар баъди гирифтани иҷозати иқомат, донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират, набудан дар пайгарди ҷиноӣ ва пешниҳоди 7 ҳуҷҷат метавонанд шаҳрвандӣ гиранд.
Бояд гуфт, ки миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ вуҷуд дорад.
Дар ин инҷо мақолаи моро дар бораи чӣ гуна шаҳрвандони Русия метавонанд бо тартиби содда шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст оранд, мутолиа намоед.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста