Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод кардаст, ки дар доираи СҲШ рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ таҳия карда шавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз тавсеа додани ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ дар қолаби “ҳаштгона” ва аҳамияти ҳамкориҳои сиёсӣ дар доираи СҲШ таъкид кардаст.
- Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи СҲШ тамаркуз намуда, азми Тоҷикистонро ҷиҳати афзоиши саҳмгузорӣ дар талошҳои дастаҷамъона дар ин самт таъкид кард, - хабар медиҳад ВКХ.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба аҳаммияти дастгирии ташаббусҳо, ки тақвияти муҳтавои рӯзномаи иҷтимоию иқтисодии СҲШ, инчунин ҳамбастагии стратегияҳои миллӣ барои рушди устувор ва тараққиёти минтақа равона гардидаанд, ишора кардааст.
Ӯ дар ин замина, аз пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шудааст.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин, раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 15-16 сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, инчунин лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷиҳати ба имзо расонидан дар натиҷаи саммити дарпешистода пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ намуд.
Вазирони корҳои хориҷии аъзои СҲШ ҳамчунин, раванди музокиротро оид ба дархости давлатҳо барои касби мақоми узвият дар СҲШ-ро муҳокима карданд.
Интизор меравад, дар нишасти навбатии СҲШ дар Самарқанд Эрон ба узвияти ин созмон пазируфта шавад.
Эрон, ки аз соли 2012 мақоми нозирро дар созмон дорад, ҳанӯз соли 2008 дар бораи қабул ба ҳайати созмон ба сифати узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод намуд, лекин гуфта мешуд, ки яке аз мухолифони пайвастани Эрон ба ин созмон Тоҷикистон аст.
Ҳамин тариқ, баъди сардии чандсола байни ду кишвар, моҳи сентябри соли гузашта баъди розигии Тоҷикистон номзадии Эронро сарони кишварҳои узви созмон дастгирӣ карданд.
ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи ҷаласаи Шӯрои вазирон дар Тошканд 16 қарор ба имзо расид.
Ҳамчунин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ-ро раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул кардааст.
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста