Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯби боздиди ҳайати ИМА таҳти роҳбарии сенатори штати ЮТА Ҷон Валентай, ки имрӯз ба шаҳри Душанбе омадаанд, масоили вазъи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни сафари чоррӯза сенатор ният дорад, бо сарвазири ҶТ Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вохӯриву мулоқотҳо доир намояд.