Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- Дар Қӯрғонтеппа ҷиҳати пешвози президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дигар корҳои омодагӣ босуръат идома доранд.
Мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Асалмо Сафарова хабар дод, ки имрӯз аллакай бисёр меҳмонони хориҷӣ ва минтақаҳои дигари кишвар ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят рафтанд ва 27-уми июн ҳамаашон дар Қӯрғонтеппа ҷамъ меоянд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар ноҳияву шаҳрҳои вилоят иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштироки сарвари давлат ва меҳмонон дар маросими ифтитоҳи мемориали «Ваҳдат», литсеи технологӣ, маркази тиббии «Хатлон», хонаи пиронсолон, манзили зист барои омӯзгорон ва як қатор иншооти дигар дар назар аст.
Бино ба иттилои А.Сафарова, худи ҳамин рӯз ба таҳкурсии бинои осорхонаи вилоят хишти аввал гузошта шуда, дар шабакаи ҷудогона студияи телевизионии «ТВ Хатлон» ба кор медарояд.
«Ҳамчунин баргузории озмунҳои «Чакан» ва «Соҳибхоназани беҳтарин» пешбинӣ гардидааст, - идома дод ӯ. - Бегоҳирӯзӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ намоишномаи театрикунонидашуда баргузор мешавад».
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста