Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечи аз Тоҷикистон дар таърихи 25-26-уми июли соли ҷорӣ ба имзо расидани барномаи ҳамкории минбаъда миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ба нақша гирифта шудааст.

Аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми сафар Ян Тсзечи бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси   миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард.

Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи боздид вохӯрии ҳайатҳои расмии кишварҳо пешбинӣ гардидаанд, ки дар он барномаи номбурда ба имзо хоҳад расид.

Аз вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки баъд аз имзои санад барои рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад.