Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як
гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла нафароне, ки чанде пеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят муроҷиат карда буданд, мулоқот намуд, ки дар он ҳамчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри Хорӯғ ҷойгирбуда ва шахсиятҳои обрӯманди ин диёр иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ нахуст ахбори
роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба омӯзиши вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳри Хорӯғ - Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов шунида
шуд.
Зикр гардид, ки имрӯз оид ба масъалаҳои
ҳалталаб қарорҳои
дахлдор қабул гашта, вазъият пурра зери назорат қарор гирифтааст.
Сарвари давлат ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар ҳудуди ВМКБ
фаъолияткунанда
таъкид дошт, ки пеш аз ҳама худашон дар таъмини волоияти қонун намунаи ибрат бошанд ва онро аз дигарон низ талаб кунанд.
Нафароне, ки бо арзу шикоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, дар назди Сарвари
давлат изҳор доштанд, ки ба халқу Ватани худ ҳаргиз хиёнат намекунанд ва сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистонро ҳамеша азизу гиромӣ медоранд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста