Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раис ва муовини раиси суд ва судя пешниҳодгаштаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат дар сӯҳбат бо нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ пешниҳодгашта аз камбудиҳои ҷиддии ин соҳа, пеш аз ҳама, аз ришваситонӣ изҳори нигаронӣ карда, онҳоро ба риояи бечуну чарои ваколату салоҳияти вазифавӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз сӯйиистифода аз мансаб ва ба таъмини волоияти қонун ҳидоят намуд ва таъкид дошт: «Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки шумо бо тақдири одамон сару кор доред ва ҳукмҳои судӣ бояд одилона бошанд».  

Дар назди кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо ва роҳбарии муассисаҳои олии таълимии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодгашта низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ пешниҳодгашта ба президент қавл доданд, ки содиқонаю софдилона ба Ватан ва давлату миллати худ хидмат мекунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.