Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ҷонибдорӣ намуд.

Мувофиқи тағйироти қабулшуда, акнун пеш аз қабул ба кор дар мақомоти давлатӣ, номзадҳо бояд дар бораи даромад, амволи манқул ва ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.

Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ба вакилони парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои тасдиқшуда ба пешгирӣ ва коҳиши хавфу хатари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст.

Қаблан ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” низ ба ин монанд тағйироту иловаҳо ворид гардида буданд.

Уҳдадорӣ ба додани ҳисобот, лекин на ҳама бояд аз он воқиф бошанд

Тибқи қонуни чанд соли пеш қабулшуда, мансабдорони давлатии Тоҷикитсон охири моҳи марти ҳар сол бояд дар бораи даромад ва амволи худ эъломия пур кунанд.

Соли гузашта аъзои ҳукумат ва хешону пайвандони онҳоро низ ба ин амал уҳдадор карданд: ҳамасола онҳо бояд ба мақомоти андоз дар бораи даромади худ маълумот пешниҳод намоянд.

Аммо ин маълумот пӯшида аст: фаҳмидани чӣ миқдор дар як сол пул кор кардану чӣ гуна даромад гирифтан ва соҳиби чӣ хел амвол будани мансабдори давлатӣ дар Тоҷикистон барои шахси оддӣ имкон надорад.

Дар ҳамин ҳол, дар аксари кишварҳои саросари ҷаҳон ин расмиёт шаффоф буда, ба ҳар кадоме аз шаҳрванди андозсупоранда дастрас мебошад.

Тобеъони Озода Раҳмон ба дипломатҳо баробар шуданд

Имрӯз ҳамчунин лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ” аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои тасдиқшуда, минбаъд кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки дар соҳаи муносибатҳои байнулмилалӣ ба кор машғуланд, ба дипломатҳои тоҷик баробар дониста мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Озода Раҳмон, духтари Сарвари давлат Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Тоҷикистонро аз моҳи январи соли 2016 ба роҳбарӣ гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.