Бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаб сабукдӯш мешавад.

Мувофиқи фармони дигари Президент, Ёдгор Файзов иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд, ки қаблан вазифаи директори иҷроияи Фонди Оғо Хон дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи санаи 15 сентябр бо фаъолони ВМКБ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани ҳамаи камбудиҳои дар минтақа ҷойдошта, аз ҷумла мушкили таъмини амнияти аҳолӣ ва волоияти қонун як моҳ муҳлат дод. Пас аз ҷаласа роҳбарони чанде аз мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят иваз карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.