Имрӯз бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Мактаби дуошёнаи санъат бо 135 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои наву замонавии мактаби санъат аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад.

Дар мактаби санъат инчунин як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуд буда, дар таҳхонаи бино синфхонаи кулолгарӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори хурди намоиш сохта шудааст.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқии гуногун тақдим карда шуда, сипас  баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Мактаби санъати шаҳри Гулистон, Сарвари давлат бо омӯзгорону толибилмони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард.

Дар идома Президенти мамлакат дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон иштирок ва бо тобонидани чумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшид.

Хабар дода шуд, ки тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1” амалӣ гардид.

Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, дастрасӣ пайдо карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.