Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 28 ноябри соли равон бо ҳайати парламентӣ тибқи даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко,  Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер ва Котиби масъули Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Петр Рябухин ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом медиҳад.

Тавре Наврӯз Қурбонзода, Ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ хабар дод, сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург то 1 декабри соли равон идома ёфта, тибқи барнома Раиси Маҷлиси миллӣ дар кори ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», инчунин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат менамояд.

Гуфта мешавад, дар доираи сафар суханронии Раиси Маҷлиси миллӣ дар Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина» дар назар дошта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин Конфронси сатҳи баланд, ки дар  Қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - Қасри Таврический баргузор мегардад, раисони парламентҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ширкат меварзанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.