Зодаи Тоҷикистон Парвиз Тухтасунов Палатаи федералии кадастрии Русияро ба роҳбарӣ гирифт. Фармонро дар бораи таъини ӯ ба ин вазифа роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Русия Максим Орешкин ба имзо расонидааст.
Парвиз Тухтасунов аз моҳи октябри соли 2016 ба ҳайси мушовири роҳбари Палатаи федералии кадастрӣ фаъолият мекард, хабар медиҳад радиои “Говорит Москва”.
Бо вуҷуди ин, фармон дар бораи таъиноти ӯ ҳоло имзо нашудааст, менависанд чанде аз васоити ахбори умум. Ҳамин тариқ дар сомонаи funclub.su сурати фармон бе имзои вазир гузошта шудааст.
Бино ба маълумоти овардашуда Тухтасунов соли 1985 дар Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2008 Акдемияи тиббии ба номи И.М.Сеченовро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати интерн ва аспирант кор кардааст.
Соли 2017 Донишкадаи кушода – мактаби олии касбиро бо ихтисоси “идоракунии давлатӣ ва маъмурӣ” ва Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плехановро дар самти “молияи идора” хатм мекунад.
Солҳои 2008-2012 ба сифати интерн, аспиранти Академияи тиббии ба номи И.М.Сеченов ва аз соли 2011 то соли 2016 дар сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ кор кардааст.
Моҳҳои август-октябри соли 2016 – муовини директори Дастгоҳи идоракунии Муассисаи давлатии федералии буҷетии«Россельхозземлемониторинг».
Аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи ноябри соли 2018 ба сифати мушовири роҳбари Хадамоти федералии давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозӣ фаъолият намудааст.
Моҳи ноябри соли 2018 директори Муассисаи давлатии федералии буҷетии «ФКП Росреестр» таъин мешавад. То ин дам ин муассисаро Костантин Литвинтсев роҳбарӣ мекард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста