Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол паёми худро ба парлумони кишвар санаи 26 декабр пешниҳод мекунад.

Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро қироат мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон”-и пойтахт баргузор мешавад.

Ба ҷуз аъзои парлумон, дар ин ҷаласа раисони вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Маросими ироаи паёми президент ба парлумонро тамоми шабакаҳои давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ мустақиман пахш мекунанд.

Кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯёни макотиби олии кишвар, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар маҷлисгоҳҳо пахши мустақими паёми Сарвари давлатро тамошо мекунанд.

Дар паёмҳои ҳарсола президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда, самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеаро дар соли оянда муайян мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.