Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки санаи 18 декабр доир мегардад, масъалаи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад, хабар доданд аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки 28 апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, васеъ кардани қаламрави пойтахт асосан дар самти ҷануб ва қисман дар самтҳои шимолу шарқ ва ғарб пешбинӣ шудааст.
Васеъ кардани қаламрави мавриди сохтмону азхудкунӣ қарордоштаи шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то ба 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар – дар соли 2040 ва 30 ҳазор гектар – баъди соли 2040 ба нақша гирифта шудааст.
Афзоиши шумори аҳолӣ дар қаламрави мавриди сохтмону истифодабарӣ қарордошта дар марҳилаи аввал то соли 2025 – то ба 936 ҳазор нафар ва дар давраи пешбинишуда то соли 2040 – то ба 1 млн. 176 ҳазор нафар дар назар аст.
Мутобиқи қарори дахлдор, ба мақомоти шаҳрдорӣ зарур аст, ки амалисозии азхудкунии қаламравро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар қаламрави шаҳри Душанбе то соли 2040 ба иҷро расонад.
Ғайр аз ин, ба мақомоти шаҳрдорӣ дастур дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳо то соли 2040 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва қаламрави ба он пайваста, омодасозии қаламрав аз лиҳози корҳои муҳандисӣ, барқарор кардани коммуникатсияҳои муҳандисии мавҷуда ва иншоотро мувофиқи Нақшаи тасдиқшудаи генералии шаҳр ба анҷом расонад.
Тибқи ин қарор, ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ уҳдадор мешаванд, ки дар қитъаҳои замини муайяншуда ба сифати қаламрави рушди минбаъдаи шаҳр бар асоси Нақшаи генералӣ, ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва шинонидану ниҳолу дарахтҳои парваришашон бисёрсола роҳ надиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҳисобот дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт тӯли 11 моҳи соли равон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маърӯза мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста