Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Конибодом Боҳирӣ Ғайбулло Нозир ва шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) аз мансаб барканор шуданд.

Дар фармонҳои нашршуда дар хадамоти матбуоти сарвари давлат сабаби аз мансаб барканор шудани онҳо ба кори дигар гузаштан шарҳ дода шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ва шаҳри Гулистон – Фирдавс Шарифзода таъин шуданд.

Ҳамчунин бо фармонҳои президент, раисони як қатор ноҳияҳо низ иваз шуда, Давлатбибӣ Раҷабова бо сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод ва ба ҷойи ӯ Ҷаббори Қосим и. в. раиси ин ноҳия таъин шуд.

Бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Умар Ёқубзода низ аз вазифа озод шуда, мансаби ӯро Ашӯралӣ Ҷалилзода ишғол мекунад.

Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Вализода Сулаймон Кабуд низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ин ноҳия озод шуда, ба ин мансаб Раҳматзода Рустам Мирзо таъин карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.