Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ охири ҳафтаи гузашта бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба  роҳбарияти Боғи миллӣ барои то ба 180 гектар васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони бузурги дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дастур дод.

Зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони боғи мазкур Президенти мамлакат ба раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур дод, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар масоҳати наздики 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.

Дар Боғи миллӣ шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 67 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.

Дар муассисаи мазкур ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешавад. Дар майдони 0,5 гектар замин бошад, гармхонаҳои парвариши лиму сохта шудааст. Дарахтони нодири ороишӣ аз хориҷ ворид карда шуда, дар инҷо минтақабоб карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки оянда ин мавзеъ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ба як маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ барои сокинон бо тамоми шароити зарурӣ табдил дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.