Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мусоҳибаи махсус ба шабакаи телевизионии “МИР 24” дар бораи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва вазъи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар изҳори назар кард.

Ёдрас мекунем, ки зимни кори Форуми VI байнипарлумонии “Русия ва Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба ҳукумати Русия пешниҳод намуда буд, ки масъалаи назорати осонтари гумрукӣ барои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад.

“Мо барои сабзавоту меваи худ “долони сабз” дархост мекунем, бегона нестем ва ба шумо наздикем”, - изҳор намуда буд Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дар посух ба савол дар бораи ҷараёни корҳо дар ин самт ӯ қайд кардааст, ки “барои содироти маҳсулоти кишваорзии Тоҷикистон ба Русия мебояд шароити мусоид фароҳам овард, то ки маҳсулот бе миёнарав ба харидорони русиягӣ расад, зеро дахолати ҳама гуна миёнарав ба болоравии нарх боис мегардад”.

Ӯ пешниҳод намудааст, ки дар Тоҷикистон бо кумаки сармоягузорони Русия маркази тақсимоти яклухт сохта шавад, то ки дар он маҳсулоти кишоварзӣ беталаф ва тару тоза нигаҳдорӣ шуда, интиқоли мустақими он ба Русия бидуни миёнаравон ба роҳ монда шавад.

“Тибқи қарордодҳои ҳосилшудаи пешакӣ, давоми 1,5-2 сол русиягиҳо ният доранд, ки дар Душанбе як чунин маркази бузург бунёд кунанд”, - иброз доштааст ӯ.

Дар робита ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Русия, Убайдуллоев зикр кардааст, ки хостори бештар ба технологияҳои инноватсионӣ ва асосҳои барномарезӣ машғул шудани ҷавонон аст, зеро ҳаёти имрӯзаро бе дастовардҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.

“Мо ба таҳсили фарзандонамон дар хориҷи кишвар ҷонибдорем. Донишҷӯёни тоҷике ҳастанд, ки донишгоҳи Гарвардро хатм мекунанд. Ин хеле хуб аст. Дар Русия беш аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни мо таҳсил мекунанд, аз ҳисоби буҷети Русия 700-800 нафар. Ин барои кишвари мо зарур аст”, - зикр кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии “Мир”.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.