Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фавти шумори зиёди одамон бар асари офати табиӣ дар Индонезия ба президенти ин кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки "хабари рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои ғарбии Индонезия, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд”.

“Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон бирасонед. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи зарбаи шадиди сунами ба соҳилҳо аз уқёнуси Ҳинд беш аз 300 нафар ҳалок ва зиёда аз 1 ҳазор нафар осеб дида, ин офат ба хисороти зиёди молӣ боис гардид.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.