Собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед имрӯз бо хоҳиши худ ваколатҳояшро аз узвият дар палатаи болии парлумон супурд.

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Душанбе Шодихон Ҷамшед бо ифтихорномаи палатаи болии парлумони ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуд.

Нимаи моҳи ноябр Шодихон Ҷамшед бо қарори ҳукумат муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуда, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ба ишғоли ҳама гуна сатҳи курсии вакилӣ дигар ҳуқуқ надорад.

Бино ба иттилои як манбаъ, ба курсии холии вакил дар Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси палатаи болии парлумон номзадии санаи 1 октябр ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ таъиншуда Ёдгор Файзов пешбарӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб намуда, 8 нафар аъзои палатаи болоии парлумон бо фармони президент таъин мешаванд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.