Се дастоварди муҳими соли 2018

Дар Паёми имрӯзаи худ ба парлумон Эмомалӣ Раҳмон дастгирии СММ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи “Роғун” ва беҳбуди назарраси муносибатҳо бо Ӯзбекистонро се  дастоварди бузург дар соли 2018 унвон кард.

Сарвари давлат зикр намуд, ки “ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузург дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад”.

Ҳамчунин, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди дигари муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

Муҳоҷират кам ва аҳолӣ дарозумр шудаанд

Сарвари давлат иброз намуд, ки пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид.

Шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

Боздошти санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ

Барои рушди соҳаи соҳибкорӣ президент пешниҳод намуд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. Ӯ аз Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ талаб намуд, ки нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.

Раҳоӣ аз лимити барқ ва 4 миллиард доллар барои “Роғун”

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки “бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ содирот кардем”.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.

“Ягон кило нахи пахта бе коркард аз кишвар берун набарояд

Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ карда, аз он изҳорӣ нигаронӣ намуд, ки қисми зиёди пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда бидуни коркард намудан ба хориҷа содир шудааст.

- Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2018 аз ҳаҷми истеҳсоли нахи пахтаи истеҳсолгардида ҳамагӣ 10 - 12 фоизи он дар дохили кишвар коркард шуда, содирот 2 баробар афзудааст. Аз ин рӯ  ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  супориш дода мешавад, ки дар 2-3 соли оянда ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд, - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.

2019 – 2021. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирӣ намуда, гуфт, ки дар ин сол  шумораи сайёҳон нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Ҳамчунин ӯ сохтакориҳои баъзе аз масъулини давлатиро танқид намуда, иброз намуд, ки “маҳсули меҳнати ҳунармандонро ҳамчун самараи кори анҷомдодаи худ муаррифӣ накунед”.

Сарвари давлат як солро барои рушди соҳаи сайёҳӣ нокофӣ ҳисобида, бо мақсади рушди ин соҳа, ҳунарҳои мардумӣ ва инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод намуд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

Санҷиши кормандони соҳаи маориф ва даъват ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар интиқод намуд.

Дар робита ба ин, ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

Ёрии аввалия тиббӣ ройгон аст!

Сарвари давлат аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент ёдовар шуда, зикр намуд, ки “дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад”. Ӯ гуфт, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар ронгон буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз нафари бемор маблағ ва доруворӣ талаб намояд.

Таҷлили 5500-солагии Саразм

Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳониро нишони миллати тамаддунсозу фарҳангӣ будан унвон карда, зикр намуд, ки соли 2020 ҷашни 5500-солагии яке аз ёдгориҳои бостонии кишвар - шаҳри қадимаи Саразм доир карда мешавад.

Тақвияти муқовимат бо экстремизм ва фасод

Президенти кишвар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ даъват намуда, иброз намуд, ки диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Ӯ ба  Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» - ро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа талаб намуд, ки якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.