Актёри маъруфи театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, то ин таъинот Аловуддин Абдуллоев ба ҳайси роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар фаъолият дошт.

Бурҳониддин Раҷабов, ки қаблан вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов таъин гардидааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.