Бо фармони президенти Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз вазифааш озод шуд. Ба ҷойи ӯ акнун собиқ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Хайрулло Ибодзодаро иваз намуд, ки сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон таъин шуд.

Бо фармони президент ҳамчунин чанде аз сафирон дар кишварҳои хориҷӣ иваз шуданд:

- Шералӣ Ҷонон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Покистон озод шуд;

- Назирмад Ализода або сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамзамон дар Муғулистон озод шуд;

- Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ҳамзамон сафир дар Ҷусҳурии Литва таъин шуд.

Гуфта мешавад, ваколати Директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ Мирзосафар Назриев бинобар вафоташ қатъгардида ҳисобида мешавад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.