Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи пойтахт раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ соли 2018 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ гардида, сохтмон ва азнавсозии 16 муассисаи таълимӣ барои 12508 ҷойи нишаст идома дорад.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз нуқсону камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд дар кутоҳтарин фурсат ислоҳ ва роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Аз ҷумла Раиси шаҳр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори пойтахт дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, роҳ надодан ба қабули нафарони ғайриихтисос дар соҳаи маориф, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва назорати ба таҳсилот ҷалб гардидани хонандагони ҳудуди шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии пойтахт тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ карда шаванд.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз нуқсону камбудиҳо дар сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифати соҳа, такмили сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ёдовар шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Зикр гардид, ки соли 2018 дар пойтахт 22 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмӯъ  27 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.