Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 21 январ иброз дошт. Ӯ гуфт, ки соли 2018 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Тавре сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 муайян карда шуд.

ММД-и Тоҷикистон 68,8 млрд. сомониро ташкил дод

Пас аз ифтитоҳи расмӣ, ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд. Ӯ дар ҳисоби худ зикр намуд, ки соли 2018 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 68,8 млрд. сомонӣ баробар гардид ва суръати рушд 7,3 фоизро ташкил дод. Зикр гардид, ки як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ 11,8 фоиз, кишоварзӣ 4 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 15,4 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1 фоиз ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуд. Дар давраи ҳисоботӣ таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 5,4 фоизро ташкил дод.

Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки соли 2018 дар қаламрави кишвар 131 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис дода шуд.

Содироти 93 ҳазор тонна нахи пахта бо арзиши 165 млн. доллар

Дар маҷлиси ҷамбастии ҳукумат, инчунин аз камбудиҳои дар саҳаҳои мухталиф ҷойдошта низ гуфта шуд. Аз ҷумла, корҳо дар самти бунёд намудани коргоҳҳои коркарди шир, сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва қолинҳои дастӣ беҳбудиро талаб менамояд. Зеро тибқи таҳлилҳо дар шаҳру ноҳияҳо соли 2018 ҳамагӣ 14 коргоҳи коркарди шир, 67 сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, 139 коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва 37 коргоҳҳои қолинҳои дастӣ таъсис дода шудааст, ки ин қонеъкунанда нест. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бошад, умуман коргоҳҳои коркарди шир ва қолинҳои дастӣ ташкил нашудааст.

Ҳамчунин, бинобар сабаби пурра коркард нагардидани нахи пахта дар дохили кишвар содироти он ба хориҷи кишвар мунтазам афзоиш ёфта, ҳаҷми он дар соли 2018 - 93 ҳазор тоннаро бо арзиши 165 млн. доллар ташкил дод. Аз ҷумла, соли 2018 дар корхонаҳои нассоҷӣ 21 фоизи нахи пахтаи дар дохил истеҳсолгардида коркард карда шудааст. Яке аз сабабҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо маънидод карда шуд.

Даромади буҷет 100,3 % иҷро гардид

Вазири молия дар ҳисоботи худ гуфт, ки қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,3 фоиз таъмин шуда, ба он 23,3 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 71,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 100,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 101,2 фоиз таъмин карда шудааст. Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад, аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 102,6 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 44 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин, қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 2 намуди андозҳо ба маблағи 420 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз даромад 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 411,3 млн. сомонӣ иҷро нагардид.

Таъкид гардид, ки шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Панҷ, Фархор, Ховалинг ва Восеъ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет дар ҳаҷми умумии 64 млн. сомонӣ таъмин накарданд.