Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва нақшаи рушди ҷумҳурӣ дар соли 2019 баррасӣ мешавад.

Ҷаласа таҳти раёсати презиенти мамлакат, раиси ҳукумат кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар он роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин роҳбарони марказҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз кори иҷрошуда давоми соли гузашта ҳисобот медиҳанд, хабар дод ба”Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Нахуст ҳисоботи сарвазир ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар бораи натиҷаи кори ҳукумат дар соли гузашта ва сипас ҳисоботи роҳбарони сохторҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва қудратии ҷумҳурӣ шунида мешаванд.

Назди президент раисони вилояту шаҳрҳо ва чанде аз ноҳияҳои кишвар ҳисобот медиҳанд. Манбаъ муддати ду рӯз идома ёфтани ҷаласаи ҷамъбастии ҳукуматро аз эҳтимол дур намедонад.

Дар назар аст, ки дар ҷаласа ба масоили марбут ба амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2010 таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.

Маъмулан аз рӯи натиҷаҳои чунин ҷаласаҳо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ тағйироти кадрӣ ба амал меорад.

Соли гузашта аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи ҷамъбасти сол вазири онвақтаи молия Абдусалом Қурбонов ва раиси Хадамоти гумрук Абдуфаттоғи Ғоиб аз мансаб барканор шуда буданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.