Дилшод Исматуллозода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият дошт, директори генералии нави ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” таъин шуд.

Дар ин вазифа ӯ Хайрулло Раҳимовро иваз намуд, ки тайи 3 соли охир дар ширкати “Тоҷик Эйр” фаъолият дошта, аз моҳи январи соли 2017 мансаби директори генералии ширкатро ишғол мекард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси БДА Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Бо қарори ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом - раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Азиз Хайруллоев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳайати кормандони “Тоҷик Эйр” умедворанд, ки ширкат буҳронро паси сар намуда, боз ба яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии пешафтаи ҷумҳурӣ табдил меёбад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – ҶСК “Тоҷик Эйр” соли 1930 таъсис ёфтааст. Имрӯз беш аз 500 нафар мутахассисони соҳаи авиатсия дар ин ширкат машғули коранд. Ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек), Самарқанд (Ӯзбекистон) ва шаҳрҳои Русия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) мунтазам парвозҳо анҷом медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.