Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳамаи кормандони бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, соҳибкорони инфиродии нуқтаҳои савдо, корхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр сарфи назар аз шакли моликият, бояд либоси ягонаи махсуси корӣ дошта бошанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори мазкур ба сохторҳои марбутаи шаҳр дастур дода шудааст, ки дар муддати 1 моҳ ҷиҳати иҷрои ин қарор тадбирҳо андешанд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи бехатарии амнияти озуқавории назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор шуда, онҳо вазифадор шуданд, ки дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур чорабиниҳоро амалӣ намуда, аз натиҷаи корҳо ҳар семоҳа ахбор пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2016 раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ дар бораи таъмини кормандони ҳамаи бозорҳо ва марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ бо либоси ягона корӣ қарор ба имзо расонида буд. Мувофиқи қарор, сарулибоси омодашуда аз ҷониби тарроҳон ба комиссияи махсус пешниҳод шуда, беҳтаринашро онҳо интихоб мекарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.